Вохӯрии Шараф Шерализода бо намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ
21 феврали соли 2023 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо сардори сарраёсати кишварҳои Осиёи Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Абдулҳоди Ал-Матрафӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мавриди табодули назар қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, инчунин дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули назар карданд.