Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналии Ҷоми Осиё-2024 бо тими Афғонистон бозӣ мекунад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналии Ҷоми Осиё-2024 бо тими миллии Афғонистон бозӣ мекунад.

Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ин вохӯрӣ имрӯз, 24 апрел дар Бангкок баргузор шуда, соати 12:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Ғолиби ин бозӣ ба даври нимфинали Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфта, соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2024 мегардад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE