ВМКБ аввалин шуда нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро дар кишвар ба анҷом расонд
Дар Бадахшон маъракаи даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ имрӯз- дар рӯзи аввал ба анҷом расид ва ҷавонони вилоят бо дарки асолати баланди ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ сафарбар шуданд. Ин нуктаро Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот дар ҷамъомади тантанавӣ, ки ба ифтихори гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ дар шаҳри Хоруғ доир гардид.
Қабл аз оғози маросим роҳпаймоии оммавӣ бо иштироки қишри васеи ҷомеа- афсарону сарбозони қисмҳои низомии мустақари вилоят, даъватшавандагон, кормандони идораву муассисаҳо, ташкилот, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, устодону донишҷӯён, собиқадорон ва ҷавонону занон баргузор гардид.
Раиси вилоят Алишер Мирзонабот зикр кард, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияту ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва омили пешрафту шукуфоӣ, созандагию бунёдкорӣ- ин мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад. Ҳанӯз дар оғози солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ роҳбарияти олии мамлакат, новобаста аз вазъи мушкили сиёсию иқтисодӣ ҷиҳати таъсиси Артиши миллӣ тадбирҳои муассиру саривақтӣ андешид.
Мавсуф тазаккур дод, ки имрӯз вазъи печидаи ҷаҳон ва минтақа, бавижа амалҳои ҷинояткоронаи террористону экстремистон ва баъзе гурӯҳу созмонҳои бадхоҳ ба осоишу амниятамон таҳдид менамоянд. Аз ин лиҳоз, вазъи печидаи имрӯза моро водор месозад, ки баҳри ҳифзи Ватан, таъмини сулҳу субот, амнияти давлату ҷомеа ва меҳнати созандаву зиндагии шоистаи худамон ҳамеша омода бошем.