Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Попи Рим Франсиск мулоқот намуданд
26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ватикан ташриф оварданд.
Дар саҳни ҳавлии Сан-Дамасо ба хотири истиқболи сазовари меҳмони олимақом Горди фахрӣ саф орост.
Дар бинои Тахти Олишаън Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Попи Рим Франсиск самимона истиқбол гирифт.
Дар вохӯрӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Попи Рим Франсиск масоили таҳкими ҳамкории судбахш баррасӣ гардид.
Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон тамоми шароит барои таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии намояндагони ҳамаи динҳо фароҳам оварда шудааст. Мардуми тоҷик, ки таърихан дар тамаддуни ҷаҳонӣ бо рушди илму адаби ғании худ ҳиссаи намоён гузоштааст, аз ҳама гуна гуфтугӯҳои байнидинӣ ва байнитамаддунӣ истиқбол мекунад.
Таъкид гардид, ки Тахти Олишаън ҳамчун субъекти низоми байналмилалӣ дар умури ҷаҳонӣ нақши муҳим дорад. Саҳми доимии ӯ дар татбиқи принсипҳои сулҳу субот, таҳаммул ва ҳамоҳангӣ дар арсаи байналмилалӣ назаррас аст.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
Баъди анҷоми мулоқоту музокирот Попи Рим бо ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.
Байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Попи Рим табодули туҳфаҳои хотиравӣ сурат гирифт.
Сипас, бо иштироки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Попи Рим Франсиск ва ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими аксбардорӣ доир шуд.