Дар ноҳияи Кӯшониён сохтмони биноҳои баландошёна зиёд мешавад

Имрӯз, 26 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ноҳияи Кӯшониён бо рафти корҳои сохтмонӣ дар ду бинои баландошёна шинос шуданд. Иншооти мазкур дар доираи корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди инфрасохтори ноҳия бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шуда истодааст. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар доданд.

Биноҳои мазкур дар кӯчаи Ибни Синои ҷамоати шаҳраки И.Сомони ноҳияи Кушониён қомат афрохта, тибқи нақша аз 10-ошёна иборат мебошанд. Дар ошёнаи якум бинои аввал марказҳои савдову хитзматрасонӣ ва дар боқимонда ошёнаҳо 81 манзили истиқоматии 1,2 ва 3 ҳуҷрадор ҷойгир гардида, бо харҷи беш аз 7 миллион сомонӣ дар масоҳати 1100 метри мурабаъ сохта ба истифода дода мешавад.

Бинои дуюм тибқи нақша аз 10-ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум марказҳои савдову хитзматрасонӣ ва дар боқимонда ошёнаҳо 81 манзили истиқоматии 1,2 ва 3 ҳуҷрадор ҷойгир гардида, бо харҷи беш аз 7 миллион сомонӣ дар масоҳати 1100 метри мурабаъ сохта ба истифода дода мешавад.

Пас аз ба анҷом расидани сохтмон, биноҳо бо хати оби нушокӣ, хати оби партов, тавақуфгоҳ барои воситаҳои нақлиёт, майдончаи бозиҳои кӯдакона ва лифти баландсуръати замонавӣ муҷҷаҳаз гардонида мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони биноҳои мазкурро ширкати сохтмонии “Шамсидини ҷавон”-и ноҳияи Кӯшониён бо ҷалби 30 нафар мутахассисон ва сохтмончиён ба уҳда дошта, тибқи нақша бинои аввал моҳи декабри соли 2024 ва бинои дуюм соли 2025 ба истифода дода мешавад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ бо корҳои анҷомёфта ба меҳнату заҳмати мутахассисону коргарон баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки бояд ишоотҳои ҷашнӣ бо сифатӣ баланд ва тибқи нақша сохта шаванд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE