Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Имрӯз дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, ки дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт ҷойгир аст, гулчанбар гузошт.

Дар гулчанбаргузорӣ меҳмони олимақомро шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Дар назар аст, ки дар ҷараёни сафар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектеновро ба ҳузур пазиранд.

Инчунин имрӯз дар Душанбе мулоқоти сарвазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон Қоҳир Расулзода ва Олжас Бектенов баргузор мегардад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE