Дар Душанбе Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонон баргузор мешавад

Аз 20 то 25 май таҳти  унвони «Душанбе – шаҳри ҳушманд» Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар ин хусус аз маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Мақсад аз баргузории ҳафта дастгирии шавқу рағбати наврасону ҷавонон ба техникаву технологияи муосир буда, дар доираи ҳафта озмунҳои гуногун баргузор мегарданд.

Ҳафта таҳти сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гузаронида шуда, ғолибони он бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE