Ба иштирокчиён ва маъюбони ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд

Дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили 79-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар ҷанги солҳои 1941-1945 аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар иштирокчӣ ва маъюби ҷанг ба маблағи 40 ҳазор сомонӣ кумакпулии яквақта ҷудо карда шуд.

Бояд гуфт, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе низ муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои қадршиносии корнамоии иштирокчиён ва маъюбони ҷанги солҳои 1941-1945 аз пойтахт ба ҳар кадом 10 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.

Дар асоси дастуру супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо низ ба иштирокчиён ва маъюбон кумакҳои моддию молиявӣ мерасонанд.

Кумаки яквақтаинаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаҷми 40 ҳазор сомонӣ ба иштирокчиён ва маъюбони ҷанг дар шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби намояндагони Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE