Дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кафедраи ҳарбӣ таъсис дода шуд

Имрўз кафедраи ҳарбии назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба фаъолият шурўъ намуд, хабар доданд аз Донишгоҳи мазкур.

Дар маросими кушодашавии кафедраи  мазкур намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки  таъсиси кафедраи ҳарбӣ дар назди Донишгоҳи мазкур тақозои замон буда,   зимни баргузории  машғулиятҳои назариявию амалӣ донишҷўён маълумоти зарурии ҳарбӣ мегиранд ва барои  хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамаҷониба омода мешаванд.

Тазаккур дода шуд, ки  ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шудани ҷавонони маълумоти олидор боиси беҳтар гаштани сифати омодагии низомӣ мешавад. Ҳамчунин хизмати ҳарбӣ мактаби мардонагию диловарӣ, нангу номус ва ватанпарастӣ буда, ҷавононро рӯҳану ҷисман обутоб  медиҳад.

Ректори Донишгоҳ Убайдулло Асрорзода  ҳайати шахсии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро  ба муносибати  30 солагии  таъсисёбии   Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, барои мусоидат ва кумак  дар таъсиси кафедраи ҳарбӣ ба онҳо  миннатдорӣ баён намуд.

Аз омӯзгорони кафедраи мазкур фаъолияти содиқона дар раванди тайёр намудани афсарони эҳтиётӣ, ки аз ҳисоби донишҷӯёни донишгоҳ омода карда мешаванд,  дархост  карда шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE