Дар Чин ҷаласаи аввалини роҳбарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи «Осиёи Марказӣ-Чин» оғоз гардид

30 май дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи аввалини роҳбарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи «Осиёи Марказӣ-Чин» оғоз гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода дар ҷаласа иброз намуд, ки ҳамоиш ба амиқтар шудани равандҳои ҳамгироӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ байни мо дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва ҳамоҳангсозии амалҳои муштарак барои коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ мусоидат мекунад.

Дар вохӯрӣ Ёддошти тафоҳуми таъсиси механизми ҳамкорӣ оид ба идораи ҳолатҳои фавқулодаи «Осиёи Марказӣ — Чин» ба имзо расид.

Дар доираи ҷаласа вохӯрии Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни идораҳои наҷоти ду мамлакат дар самти коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, таълим ва бозомӯзии кормандон ва табодули таҷриба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE