Имрӯз 1020-солагии Носири Хусрави Қубодиёнӣ таҷлил карда шуд
Носири Хусрави Қубодиёнӣ шоири насиҳатгар ва омӯзгори ботаҷрибаи ҳаёт аст. Дар осори ин адиби чирадаст тавсифи хирад ва илму ҳикмат, ситоишу тарғиби маърифатандӯзию ақлгароӣ басе фаровон мушоҳида мешавад.
Камолот, азамату қудрату хештаншиносии инсон аз нигоҳи суханвар бастагӣ ба хирад доранд. Фазилату маърифат аст, ки инсонро бар махлуқоти дигар бартарӣ мебахшад.
Шоири файласуф ҷавҳару сиришти инсони комилро таркибёфта аз илм медонад ва каси бемаърифатро инсони ноқису шахси беҳилмро орӣ аз ҷамолу зебоӣ мешуморад.
Ҷамоли мардумӣ дар ҳилм бошад,
Камоли одамӣ дар илм бошад.
Ин матлаб имрӯз зимни баргузории конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ бахшида ба 1020-солагии Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар мавзуи «Масъалаҳои поэтика ва мушкилоти матншиносии осори Носири Хусрав» дар Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ баён гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ Фарангис Шарифзода зимни ифтитоҳи конференсия иброз намуд, ки Носири Хусрав чеҳраи дурахшони адабу фарҳанг ба шумор меравад. Зеро шоир бо орову афкори милливу ватандӯстонааш дар бедории фикри мардум хизмати пурарзиш ва бузург кардааст, ки халқи олам онҳоро эътироф дорад.
Тавре доктори илмҳои фалсафа, профессори кафедраи диншиносии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Идибек Зиёев иброз намуд, «ба андешаи Носири Хусрав, инсон дар баробари нафси руҳон, дорои ҷисми моддӣ низ мебошад, ки ахирӣ аз чаҳор нахустунсур (хок, об, ҳаво ва оташ) иборат мебошад. Иродаи инсон аз бисёр ҷиҳат аз ирода ва саъю талоши инсон вобаста аст».
Дар ин маврид Носири Хусрав гуфтааст: «Аввалин иродаи нафс ба даст овардани вуҷуди абадӣ мебошад. Ва ин чизе аз ҷисмоният нест. Дуввумин иродаи инсон он аст, ки ӯ дарк кунад, ки ӯро барои чӣ офаридаанд».