Сафири Тоҷикистон бо ҳокими вилояти Аҳали Туркманистон мулоқот намуд

25 июн Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода бо ҳокими вилояти Аҳали Туркманистон Ровшен Хоҷагулиев мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни суҳбат ҷонибҳо дар бораи истифодаи имкониятҳои рушди муносибатҳои байнивилоятӣ табодули афкор намуда, масоили вобаста ба тавсеаи ҳамкорӣ  дар соҳаҳои мухталифро мавриди баррасӣ қарор доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE