БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Самараи ваҳдат

Ваҳдат нигини миллати меҳрофарини мо,
Ваҳдат дар осмони ману дар замини мо,
Дар вусъати замонаю чархи барини мо,
Ваҳдат саломи мост,
Ваҳдат низоми мост,
Ваҳдат каломи мост.
Дар таърихи халқу миллатҳои ҷаҳон рӯйдоду санаҳои муҳиме ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва мақому манзалати бештар касб намуда, мардумро ба ҳифзи арзишҳои ҳаётӣ даъват месозанд. Барои мардуми шарафманди тоҷик чунин воқеаи фараҳбахши таърихӣ – Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад, ки 27 сол муқаддам ба сарзамини аҷдодии мо сулҳу суботро ба армуғон овард. Ва имрӯз агар, тамоми дастовардҳои замони Истиқлоли давлатиро ба ин неъмати бузург – ваҳдати миллӣ нисбат диҳем, хато намешавад. Зеро, маҳз баъд аз таъмини сулҳу салоҳ чархи иқтисоди кишвар ҳам ба гардиш даромада, садҳо корхонаҳои нав ба фаъолият пардохтанд. Ваҳдату ягонагӣ буд, ки рушди босуботи соҳаҳои мухталиф таъмин шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ чун кишвари демокративу ҳуқуқбунёд ва гузашта аз ин, ташаббускори ҳалли масоили глобалии ҷаҳон шинохта шуд.
Барҳақ, Ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии замони Истиқлоли давлатӣ ба шумор рафта, сароғози нусрату саодати халқ аст. Танҳо ваҳдату ягонагӣ буд, ки кишвари мо аз вартаи ҳалокат раҳо шуд ва ба қаламрави шоҳкориҳои азим ворид гардид. Ин ҳама дастовардҳои азим ҳосили талошҳои судманду боровари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар ҷаҳони ноороми имрӯз ҳифзи ин дастовардҳои воқеан таърихӣ вазифаи ҷонии ҳар фарди ҷомеа аст.

РОҲ БА СӮИ ВАҲДАТ
Як рӯзи мубораку муқаддас аст 27 июн, хосса 27 июни соли 1997. Ҳама шодию хурсандӣ дошт ва ин рӯзи некро ба якдигар шодбош мегуфтанд. Охир, оқибат ақлу хирад ғолиб омад ва оташи ҷангу низои дохилӣ хомӯш гашт. Рӯзи аз шаҳри Маскав баргаштани ҳайати расмии ҳукуматӣ бо роҳбарии Сарвари давлат муњтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Душанбе туй дошт. Аз дами саҳарӣ фурудгоҳи пойтахт моломоли одамон буд, ҳама шодию нишот доштанд.
Мардуми тоҷик то имрӯз аз сафару боздидҳои Эмомалӣ Раҳмон дар шароити душвору ҷангии Афғонистон ёдовар мешаванд. Ба ҷасорату фидокориаш аз рӯзҳои нахустини фаъолият то ба имрӯз аҳсану офарин мехонанд. Он айём дар Афғонистон ҷангу низоъҳои дохилӣ ҳукмфармо буду касе амниятро кафолат намедод. Вале, Сарвари давлат аз роҳаш барнагашт, ҳарчанд ки аз ҷангу кашмакашҳои дохилии кишвари ҳамсоя хуб огоҳ буд. Ҷонашро ба гарав монда, бо мухолифин сари як дастархон нишаст. Бо ҷасорат, боварӣ изҳор дошт: «Мо як мақсад дорем: дар Тоҷикистон барқарор кардани сулҳ ва салоҳ. Ман ҷони ҷавонамро ба гарав мемонаму аз ин роҳ барнамегардам». Оре, дар пешорӯи Ҷашни Ваҳдати миллӣ боз гаштаю баргашта аз хизматҳои арзишманд ва ҳам беназири Сарвари давлат ҳарф мезанем. Зеро барҳақ, маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатдорӣ чун сарвари оварандаи сулҳу ваҳдат шинохта шуд.

               ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ВАҲДАТ 

Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
Маҳз ваҳдат аст, ки имрӯз кишвари моро дар ҷаҳон мешиносанд ва мо низ шукрона мекунем, ки мардуми соҳибватанем. Ваҳдат асоси пешравии Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони миллати моро таъмин кард ва имрӯз ҳам ба зиндагии мардум маънии тоза бахшида, саҳифаҳои нав ба наверо боз намудан дорад. Дар ин замина ҳар фарди кишвар бо нияти нек, бо дили гарм ба меҳнат камари ҳиммат баст. Сиёсатеро, ки Сарвари давлатамон дар ин ҷода анҷом дода истодаанд, на танҳо дар байни мардуми Тоҷикистон обрӯву манзалати зиёде пайдо карданд, балки таҷрибаи ӯ дар тамоми дунё ҳамчун як таҷрибаи нодир ва сулҳпарвар ҳисобида шуда, эътирофи ҷаҳонӣ пайдо кард.
Бинобар ин, имрӯз беш аз ҳар вақти дигар мо бояд дарк карда бошем, ки танҳо дар сурати таҳкими ҳамаҷонибаи ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбуд меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт ворид мегардад. Воқеан, ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амон ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз ба рӯз гул – гул мешукуфад, иқтисодиёташ равнақ меёбад ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангу маънавиёт пеш меравад.
ВАҲДАТ САОДАТ ВА БАҚОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ
Дӯстони азиз, мегӯянд, дар хонадоне, ки низоъу хушунат ва ҷанҷолу хархаша нест, ин оила аз баракату саодат ҳамеша бархурдор хоҳад шуд. Ваҳдат ва созгории миллӣ ба миллати аз ҷанги таҳмилӣ озору азиятдидаи тоҷик ва тамоми тоҷикистониён ҳамин гуна баракату саодат овард, сулҳу субот ва зиндагии хушбахтонаи мардуми мамлакатро таъмин намуд. Дар тӯли 25 соли пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ниҳоли умеди мардум дарахти тановар шуду меваҳои шакарбораш коми ҳамагонро ширин намуд, зери осмони сулҳу ваҳдат манзилҳо сохта шуданд, коргоҳҳо ва роҳҳо бунёд гардиданд ва сокинони мамлакат ба армонҳояшон расиданд.
Маънии ваҳдат ягонагист. Ҷое, ки манфиатҳои сиёсӣ ва гурӯҳиву минтақавӣ афзал шумурда мешаванд, барои ваҳдат ҷой боқӣ намемонад. Ваҳдат аз манфиатҳои сиёсӣ ва гурӯҳиву минтақавӣ болотар будан аст. Мо як бор бадбахтиро аз сар гузарондем ва, аз ин рӯ, набояд ба хатои дигар роҳ диҳем. Душманону бадхоҳони миллат ва хоҷагони онҳо бояд беш аз ҳар вақти дигар ин ҳақиқати куллро бидонанд, ки мардуми Тоҷикистон дар атрофи Пешвои муаззами худ муттаҳид аст ва иҷрои ҳар гуфтаю фармудаи Пешво барояшон қарзи инсонию имонист.

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. АЗ БУНЁДИ СУЛҲ ТО ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Аз файзи сулҳу ваҳдати миллӣ таҳти роҳбарии оқилонаву хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардида, сол ба сол ободу зеботар мегардад. Боиси ифтихору сарфарозист, ки феълан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо мамолики ҷаҳон ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ иқдомотеро амалӣ месозад, ки на танҳо ба нафъи мо, балки тамоми мардуми сайёра аст. Мисоли равшани ин гуфтаҳо пазироии гарми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут ба ҳалли масоили вобаста ба об дар ҷаҳон, тақвияти мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад.
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ҶАШНИ МУҚАДДАС ВА ЗАМОНАТИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар кишвари аҳуроии мо – Тоҷикистон аз чунин ҷашнҳост, ки чун милоди миллат ва эҳёи давлат ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мешавад ва аз муҳимтарин ҷашнҳои замони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Ҷашнгирии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар кишвар танҳо ба хотири ҷашн нест. Маҳз ваҳдати миллӣ тавонист Тоҷикистонро ба ҷаҳониён шиносонад. То имрӯз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бештар аз 190 кишвари олам шинохта, беш аз 150 кишвар бо Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ дорад. Намояндагии дипломатии зиёда аз 50 давлат дар Тоҷикистон фаъолият мекунад. Тоҷикистон узви бештар аз 70 созмони байналмилаливу минтақавӣ ба ҳисоб меравад.
Созишномаи сулҳ – сарчашмаи таъсисёбии парламенти касбии Тоҷикистон
Роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввал ҷиҳати дар ҳаёт татбиқ намудани муқаррароти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро андешид. Бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 сентябри соли 1999 раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид, ки он ба хотири таҳкими сулҳу ваҳдат, таъмини риояи ҳуқуқи шаҳрвандон, густариши равандҳои демократӣ, таъмини рушди устувору бомароми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва таҳияву қабули қонунҳо дар асоси ислоҳоти конститутсионӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуд ва бори нахуст Парламенти касбӣ иборат аз ду маҷлис: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар суханрониҳояшон таъкид мекунанд, ки бузургтарин дастоварди миллат дар фарҷоми қарни ХХ дар радифи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ин бозгашти суботу амнияти кишвар ва ваҳдату ягонагӣ мебошад. Бо шарофати Ваҳдат ва истиқлолият дар Тоҷикистон нақшаҳои азими рушду тараққиёт ва ободонӣ тарҳрезӣ карда, баҳри амалӣ гардидани он кори бузург анҷом ёфт. Дар ин замина Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон 4 вазифаи афзалиятнокро муайян кард:

  • истиқлолияти энергетикии мамлакат,
  • аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо кардани кишвар,
  • таъмини амнияти озуқаворї,
  • саноатикунонии босуръати кишвар.
    Инак, тайи солҳои Соҳибистиқлолӣ ва бо шарофати Ваҳдати миллӣ, дар доираи иҷрои ин вазифаҳои муҳим корҳои барҷаставу шоён ба анҷом расиданд, ки аз азми қавию саъйи комили роҳбарияти олии кишвар ва мардуми заҳматпешаву ободкори он дарак медиҳад. Вусъати корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун», бунёди Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда 1 ва 2», силсиланеругоҳҳои дигар, азнавсозӣ ва сохтмони роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ дар қисматҳои гуногуни Тоҷикистон ва берун гаштан аз бунбасти коммуникатсионӣ, сохтмони нақбҳои Истиқлол, Шаҳристон ва Чормағзак, сохтмони биноҳои замонавӣ, Қасри Миллат, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» ва ғайра аз ҷумлаи дастовардҳои замони истиқлолият аст, ки маҳз ба шарофати сулҳу ваҳдат ба он ноил гардидем Фирӯз КАРИМЗОДА,
    сармуҳаррири радиои “Садои Душанбе”
WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE