Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот кард

11 марти соли 2024 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Самиҳ Исо Ҷавҳар Ҳаёт мулоқот намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.

Дар вохӯрӣ маҷмӯи масоили мубрами муносибатҳои дуҷониба баррасӣ гардида, ҷонибҳо барои роҳандозии тамосҳои сатҳи олӣ ва баргузории машваратҳо байни ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ изҳори омодагӣ намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE