БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар шаҳри Париж қарор дорад
27 июл аввалин рақобати варзишгарони тоҷикро дар Бозиҳои олимпии Париж -2024 Баҳодур Усмонов оғоз мекунад, хабар медиҳад шореҳи варзишии АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.
Тавре қаблан иттилоъ додем, ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон вориди шаҳри Париж гашта, дар деҳаи олимпӣ ҷойгир шудаанд.
Бояд гуфт, ки тибқи санаҳои баргузории мусобиқаҳо варзишгарони тоҷик аз намудҳои гӯштини ҷудо, бокс, шиноварӣ ва варзиши сабук қувваозмоӣ менамоянд.
Ёдрас мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 14 варзишгар аз рӯйи 6 намуди варзиш, аз ҷумла ҷудо, бокс, таэквондо, гӯштини тарзи озод, шиноварӣ ва варзиши сабук муаррифӣ мекунад.
Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж 2024 аз 26 июл то 11 август баргузор мегарданд. Барномаи бозиҳо аз 32 намуди варзиш иборат буда, иштироки 10 500 варзишгар аз 206 давлати ҷаҳон дар назар аст. Варзишгарон барои 329 маҷмӯи медалҳо байни ҳам мубориза мебаранд.