Ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе- Чаноқ таъмин аст

Тавре қаблан хабар додем, дирӯз бинобар якбора зиёд омадани сел ва давомдор будани сангфароӣ ҳаракати тамоми намуди нақлиёт аз тариқи роҳи Душанбе — Чаноқ муваққатан боздошта шуд. Баъд аз бартараф намудани пайомади сел, сангфароӣ ва бориши барф дар ин мавсим ҳаракати нақлиёт аз тариқи роҳи Душанбе — Чаноқ иҷозат дода шуд.  Дар ин бора ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Баъдан худи ҳамон рӯз дар километри 153 — юми роҳи Душанбе — Чаноқ лағжиши кӯҳпора боиси муваққатан маҳдуд гардидани ҳаракати тамоми намуди нақлиёт гардид.

Дар айни замон ҳаракати тамоми воситаҳои нақлиёт дар  роҳи мошингарди Душанбе- Чаноқ таъмин буда, кормандон ва техникаҳои пуриқтидор барои бартараф намудани офати табиии боқимонда сафарбар шудаанд, иттилоъ медиҳад ширкати IRS.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE