Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мешавад

2 август дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

 Дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» нишасти матбуотӣ соати 09:00 баргузор мешавад.

Нишасти матбуотӣ дар Агентии содирот соати 10:00 доир мегардад.

Дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм нишасти матбуотӣ соати 13:00 баргузор  мегардад.

Нишасти матбуотӣ дар Палатаи савдо ва саноат соати 15:00 доир мешавад.

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ нишасти матбуотӣ  соати 08:00 ва дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат соати  10:00 барпо мешаванд.

Нишасти матбуотӣ дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ соати 10:00 доир мегардад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE