Тоҷикистон ба мардуми Сурия 50 тонна кумаки башардӯстона мефиристад

Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои наздик ба мардуми Сурия, ки дар натиҷаи заминларза зарар дидаанд, кумакҳои башардӯстона фиристода мешаванд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матуботии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Кумаки башардӯстона аз 50 тонна маводи зарурӣ, аз ҷумла орд, равған, биринҷ, шакар, макарон ва ҳамчунин либосу пойафзоли зимистона, рахти хоб, антисептик ва доруворӣ иборат хоҳад буд.

«Дар мавриди фиристодани наҷотдиҳандагони тоҷик аз ҷониби Сурия дархост нарасидааст. Бояд гуфт, ки мо ба Ҷумҳурии Туркия кумаки башардӯстона расонидем ва 50 нафар наҷотдиҳандагон низ ба ин давлат фиристода шуданд. Соли гузашта Тоҷикистон ба мардуми Покистон, ки аз обхезӣ зарар дид, кумаки башардӯстона расонида буд», — иттилоъ доданд дар вазорат.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE