Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон-2024” оғоз гардид

13 августи соли 2024 ҷиҳати иҷрои қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ва фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон-2024” оғоз гардид. Дар ин бора аз Маркази матбуотии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар даври шаҳрии озмун ғолибони даври ноҳиявии озмун Ғаюрова Фирӯза -мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №112-и ноҳияи Сино, Раҳимова Муниса -мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №30-и ноҳияи Шоҳмансур, Холова Лайло-мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №119-и ноҳияи Фирдавсӣ, Мақсудова Шабнам-мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №41-и ноҳияи И.Сомонӣ иштирок менамоянд.

Тибқи тартиб қисмати амалии даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявиявии “Мураббии соли Тоҷикистон-2024” аз муассисаи таҳсилоти томактабии №30-и ноҳияи Шоҳмансур оғоз гардид. Сипас, ҳайати ҳакамони даври шаҳрии озмун аз муассисаи таҳсилоти томактабии №41-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ дидан намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE