Ба сокинони аз заминларза осебдидаи Кӯҳистони Мастчоҳ масолеҳи сохтмонӣ кумак расонида шуд

Аз ҷониби сокинони ноҳияи Мастчоҳ ба оилаҳои  аз заминларза осебдидаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ кумаки навбатӣ дар намуди масолеҳи сохтмонӣ расонида шуд. Кумаки расида  аз 21 метри мукааб чӯбу тахта ва 300 шифер иборат буд. Дар ин хусус дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад. 

30 март кумакҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон  низ  ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дастрас гардид.

Кумакҳо аз масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла 60 метри мукааб чӯбу тахта иборат буда, аз ҷониби масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ба сокинони аз зилзила зарардида супорида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки 23 марти соли 2023 дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд, ки маркази ҷунбиши қишри замин дар километри 132-юми қисми шимолу шарқи шаҳри Душанбе, километри 50-уми қисми шимолу ғарби минтақаи Рашт ва километри  96-уми шаҳри Хуҷанд, дар ҳудуди деҳаи Палдораки Ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар умқи 11 километр ҷойгир буд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ/шаҳри Бӯстон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE