ЭҲТИРОМИ ПУЛИ МИЛЛӢ-ЭҲТИРОМИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ. Чоп кардан ё ба муомилот баровардани пул ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ ҷинояти вазнин аст

Чоп кардан ё ба муомилот баровардани пул ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ дар қонунгузории давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистон ҷинояти вазнин дониста мешавад. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, мутаассифона, баъзан ашхос ё гурӯҳе кӯшиш мекунанд, ки бо ҳар роҳу восита пулҳои қалбакиро ба муомилот бароварда, мардуми ноогаҳро фиреб диҳанд.

Имрӯзҳо баъзе нафарон бо истифода аз техникаи муосири нусхабардории ранга кӯшиши сохтани пулҳои қалбакиро мекунанд. Сарфи назар аз он ки аксар банкнотҳои қалбакӣ сифати паст доранд ва агар аҳамият диҳем, сохта будани онҳо зуд маълум мешавад, бештар одамони калонсол ва сустбин фирефтаи ин гуна амалҳои қаллобӣ мегарданд.

Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси моддаи 65-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» бо меъёрҳои худ арзиши номиналӣ, андоза, вазн, ороиш ва дигар хусусияти пули коғазӣ ва тангаҳоеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаи пардохт мебошанд, муқаррар намуда, барои пешгирии ҳолатҳои истифодаи пулҳои қалбакӣ ва дигар ҳолатҳо дар сомонаи бонк расмҳои пули миллӣ – сомониро бо шарҳи унсурҳои ҳимоявии он ҷойгир намудааст. Ташкилоти қарзии молиявӣ низ бо мақсади шинос намудани муштариён бо лавҳаҳо ва намунаи (SPECIMEN) пули миллӣ таъмин шуда, ҳангоми пайдо гардидани пулҳои шубҳанок дар муомилот огоҳ карда мешаванд.

Вақтҳои охир тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба ҷой доштани ҳолатҳои истифодаи пулҳои сувенирӣ ё чиптаҳои шӯхӣ дар муомилот хабарҳо паҳн шуданд. Дар робита ба ин масъала Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бо вуҷуди дар чунин чиптаҳо истифода бурдани навиштаҷоти хусусият (андоза, ранг, тасвирҳо)-и пули миллии арзиши 100, 200 ва 500-сомонии барориши солҳои 1999 ва 2010 онҳо дорои ягон унсури ҳимоявӣ, аз ҷумла аломати обӣ, риштаи ҳимоявӣ, резанавишт, нахҳои ҳимоявӣ ва ҳимояи инфрасурх намебошанд. Ин гуна чиптаҳо дар принтери ранга нусхабардорӣ шуда, коғази чипта ба корхонаи чопи пул тааллуқ надорад. Аммо ҳамзамон ҳолатҳое ба мушоҳида мерасанд, ки дар натиҷаи беаҳамиятии шаҳрвандон ин чиптаҳо ҳамчун воситаи муомилот истифода мешаванд. Масъулияти нигоҳ доштани сатҳу сифати пули миллӣ, инчунин мубориза бар зидди сохтакории онро дар баробари низоми бонкӣ ҳар шаҳрванди ватандӯст низ бояд ба уҳда дошта бошад. Зеро эҳтироми пули миллӣ эҳтироми давлату миллат аст.

Бо мақсади сари вақт пешгирӣ намудани пайдоиши эҳтимолии пулҳои қалбакӣ аз ташкилоти қарзӣ ва муассисаҳои молиявӣ, корхонаю ташкилот, нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ даъват карда мешавад, ки тамоми чораҳои зарурии ташкилӣ, техникӣ ва назоратиро барои гирифтани пеши роҳи ин амали зишт амалӣ намоянд. Аз шаҳрвандон талаб карда мешавад, ки ҳангоми анҷом додани муомила ба сифату аслияти пули миллӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Тибқи моддаи 281 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тайёр кардан бо мақсади ба муомилот баровардани билетҳои қалбакии Бонки миллии Тоҷикистон, танга ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ бо асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон, асъори хориҷӣ ё коғазҳои қиматноки қалбакӣ бо асъори хориҷӣ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то понздаҳ сол пешбинӣ гардидааст.

Инчунин, моддаи 540 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои реклама истифода кардани тасвирҳои пулҳои коғазии асъори миллӣ ё ҳама гуна маҳсулоти нимтайёри ин тасвирҳоро, ки аз рӯйи хусусият (ҳаҷм, ранг, тасвир) дар муомилот мумкин аст ба сифати пулҳои коғазии аслии асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шаванд, манъ намуда, барои нафарони гунаҳкор аз ҳафт то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъйин намудааст.

Аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон аз шаҳрвандони мамлакат хоҳиш менамояд, ки дар сурати ошкор ё мушоҳида шудани пулҳои аслияташон шубҳанок ба наздиктарин сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва ё кормандони ин мақомот хабар диҳанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE