Мусодираи 180 адад тангаҳои қадима аз бағоҷи мусофири хатсайри «Хуҷанд-Иркутск»

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 48-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҷавкандаки шаҳри Истаравшан ҳангоми сафар кардан   бо хатсайри  «Хуҷанд-Иркутск»  бо гумони кочоқ ва муомилоти ғайриқонунӣ дастгир карда шуд. Ҳангоми азназаргузаронии бағоҷи номбурда 180 адад тангаҳои қадима дарёфт ва мусодира гардиданд.

Дар асоси хулосаи мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиккаҳои барои ташхис пешниҳодшуда дар ҳолати хуб қарор дошта, хусусияти барориши сиккаҳои сериявӣ мебошанд. Ин сиккаҳо арзиши нумизматикиро доро буда, аҳамияти таърихию фарҳангӣ ва осорхонавӣ доранд.

Дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» интиқоли ғайрирасмии сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз ҳудуди ҷумҳурӣ манъ карда шуда, ҷавобгариро пешбинӣ менамояд. Дар кирдорҳои гумонбаршаванда аломатҳои таркиби ҷинояти моддаи 289-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE