ГВАРДИЯИ МИЛЛӢ – ЗОДАИ ИСТИҚЛОЛ
Ба Президент, ба Ватан содиқона хизмат мекунем!
Ҳоло Гвардияи миллӣ дар сохтори Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ҳамчун ниҳоди ҳарбии таъиноти махсус ва воҳиди муҳими ҳифзи истиқлолият ва амнияти давлат ба ҳисоб рафта, кафили таъмини амнияти давлат, ҳифзи марзу бум ва яке аз унсурҳои асосии нерўи мудофиавии кишвар мебошад. Ин сохтори низомӣ аз замони таъсисёбӣ то ба имрўз роҳи пуршарафи таърихиро паймуда, ҳоло ба нуфузу эътибори хосса соҳиб гардидааст.
Суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ, шаҳри Душанбе, 13.10.2014
Имрўз хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ҷашни бузурги миллӣ – 33 солагии Истиқлоли давлатӣ ва 29- солагии фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рўҳияи баланди ватандўстӣ ва ифтихор аз Тоҷикистони соҳибистиқлол бо тантана таҷлил намуданд, ки дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони гвардия ва ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ иштирок намуданд. Дар аввал Котиби Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода Паёми табрикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат намуда, ҳайати шахсии Гвардияи миллиро ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва Рўзи таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфт. Аз роҳи пуршарафи ҷангӣ ва саҳми арзандаи афсарону аскарони Гвардияи миллӣ дар солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ, барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ, ҷасорату мардонагии онҳо дар мубориза бар зидди гурўҳҳои террористӣ ёдовар шуданд. Ҳамчунин, таъкид карда шуд, ки Гвардияи миллӣ ниҳоди махсуси низомӣ аст, ки вазифаҳои муҳими давлатиро вобаста ба ҳифзу ҳимояи давстовардҳои Истиқлоли давлатӣ ба зимма дорад. Иҷрои ин вазифаҳо пеш аз ҳама садоқат ва муҳаббат ба ин сарзамину муқаддасоти онро тақозо менамояд. Дар идома аз паёми табрикии Пешвои миллат таъкид гардид, ки афсарону аскарони Гвардияи миллӣ бояд бо интизоми қатъӣ, маҳорати баланди касбӣ, малакаву дониши мукаммал, шуҷоату далерӣ, ҳушёриву зиракӣ ва садоқату ҷасорат намунаи ибрат бошанд. Илова намуданд, ки ҳар як командир вазифадор аст, ки дар замири аскарон ватандўстиву ватанпарвариро тарбия намояд ва онҳоро маҳорату малакаи ҷангӣ омўзонад.
Сипас, Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти гвардия Бобоҷон Ҷамолзода аз кўмаку дастгириҳои Ҳукумат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори минатдорӣ карда, аз дастовардҳои Гвардияи миллӣ дар тўли 29- соли фаъолият ва вазифаҳои ояндаи ҳайати шахсӣ ёдовар шуданд. Дар идомаи чорабинии тантанавӣ як гурўҳ хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ барои хизмати шоиста ва нишондодҳои баланд дар тайёрии ҷангӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардонида шуданд. Инчунин, гурўҳи дигар аз номи Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медалҳои ҷашнӣ, Ифтихорнома, рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, ва сарбозон бо мактуби миннатдорӣ ба волидон сарфароз гардиданд. Ҳамчунин, ғолибони озмуну мусобиқаҳои фарҳангиву варзишӣ, ки ба ифтихори ҷашни Истиқлолият ва Рўзи таъсисёбии гвардия гузаронида шуда буд, бо тўҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар қисмати дуюми ҷамъомади тантанавӣ Баталёни қаровули фахрии Гвардияи миллӣ маҳорати ҳарбии худро бо ҳаракатҳои мавзуни низомӣ, яъне платс-консерт бо силоҳи карабин намоиш доданд. Як гурўҳ хизматчиёни ҳарбӣ муҳорибаҳои тан ба танро бо маҳорату қобилияти баланд пешниҳоди ҳозирин намуданд.
Ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва Рўзи таъсисёбии Гвардияи миллӣ бо иҷро намудани суруди ифтихории Горди миллӣ ҷамъбаст гардида, дар охир тибқи анъанаи низомӣ афсарону аскарон таҳти оҳангҳои мутантани Оркестри ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашти низомӣ анҷом доданд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ГМҶТ