Хадамоти алоқа: дар кишвар 5 миллион муштарии фаъоли алоқаи мобилӣ дорем

Имрӯз дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотии Хадамоти алоқаи назди Ҳукуматии Ҷумурии Тоҷикистон  баргузор гардид. Дар нишаст кормандони Хадамот аз пешравиҳову камбудихои соҳаи алоқаи барқӣ дар назди кормандони ВАО и кишвар ҳисобот доданд.

Тибқи иттилои Илҳомҷон Аттоев, муовини сардори Хадамоти алокаи назди Ҳукумати кишвар дар соли 2020 дар Ҷумурии Тоҷикистон шумораи умумии симкортҳои истифодабарандагони алоқаи мобилӣ беш аз 7 миллион ададро ташкил медиҳанд, ки аз он 5 миллион ададашонро муштариёни фаъол дар бар мегиранд.

Адолат Абдурахмонзода, муовини сардори Хадамоти алоқа зикр намуд, ки дар давоми соли 2020 Комиссияи иҷозатномадиқии алоқа 9 ҷаласа гузаронид, ки дар натиҷа сатҳу сифати хизматрасонии ҳама навъҳои алоқа дар ҷумҳурӣ хуб шудааст. Инчунин, дар мавриди пайвастшавии шаҳрвандон ба шабакаи интернет, мавсуф зикр намуд, ки масъалаи мазкур ҳамаҷониба омӯхта шуда, камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта баратарф гардиданд.

Ба иттиллои мавсуф, дар давоми соли 2020, ки соли мушкиле барои ҷомеаи ҷаҳон буд, хатти алоқаи барқӣ дар кишвар ба техника ва дастгоҳҳои ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардид, ки ин баландшавии сатҳу сифати хизматрасонии алоқа ба муштариён нақшгузор мебошад.

Комрони АБДУВАЛӢ,

«Садои Душанбе»

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE