Ҷумъа Далер: соли 2020 нисбат ба соли пор 1169 тонна зиёд нафт истихроҷ кардем
Соли гузашта барои таъмини аҳолӣ бо гармӣ ва фаъолияти муназзами корҳонаҳои саноатӣ ба ҳаҷми 225 миллион3 гази табиӣ вориди кишвар карда шуд. Дар ин бора Ҷумъа Далер, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Зикр гардид, ки соли гузашта 24, 4 ҳазор тонна нафт истихроҷ шудааст, ки нисбат ба соли қабл 1169 тонна зиёд мебошад. Ҳамчунин, барои истифодаи воситаи нақлиёт аз гази табиӣ ҳудудан беш аз 420 ҳазор тонна аз ин навъи сӯзишворӣ ворид шуд. Ба суоли мо, ки вориди гази табиӣ барои истифодаи омма, аз кишварҳои ҳамсоя имрӯзҳо то куҷо дасрас аст ва оё сокинон метавонанд барои талаботи рӯзгор аз он истифода намоянд, Шавкат Шоимов, муовини Директори “Тоҷикрансгаз” посух дод.
Ба гуфти ӯ, сар аз соли 2018 дар кишвар як қатор корхонаҳои саноатӣ талаботҳояшонро аз ин навъи сӯзишворӣ бароварда мекунанд. “Корхонаи барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе” аз зумраи онҳост.
Ба таъкиди вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ ба истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон чоҳи нафтии рақами 17 – и майдони Марҳам дар арафаи ба истифода додан аст. “Ба истифода қарор гирифтани он имконияти таъмин ва дасрасии бештари сокинон ба ин навъи сӯзишворӣ бештар мегардад, – гуфт Ҷумъа Далер.
Бахтовари НУРИДДИН,
“Садои Душанбе”