Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом Муассисаи таҳсилоти томактабии №2-ро ифтитоҳ намуданд

10 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Конибодом бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии №2-и “Ситора”-ро пас аз навсозӣ ифтитоҳ намуда, бо шароити он шинос шуданд.

Муассисаи томактабӣ ба истиқболи сазовори 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, барои 250 нафар тарбиятгиранда пешбинӣ шудааст.

Дар кӯдакистон 8 гуруҳ амал намуда, ба кӯдакон 11 нафар мураббияҳои ботаҷриба бо ташкили бозиҳои ҷолибу шавқовар машғулият мегузаронанд.

Дар боғчаи бачагон таълим бо забони давлатӣ, инчунин русию англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи мазкур аз соли 1959 фаъолияти худро ба роҳ монда, солҳои охир дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Корҳои сохтмонӣ дар бинои нав аз соли 2022 оғоз гардида, муддати ду сол бо сифати баланд ба итмом расонида шуд. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ як гурӯҳ сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардида буданд.

Бино аз 2 ошёна иборат буда, бо тарҳ ва услуби хоси меъморӣ бунёд ёфтааст. Намои биноро гулҳои рангоранг, арғунчакҳо, айвонҳо барои гузаронидани машғулиятҳо дар ҳавои тоза, инчунин дигар таҷҳизоти барои фароғати кӯдакон пешбинишуда, зебу зинат додааст.

Роҳрав ва дигар деворҳои муассиса рангину зебо ва бо қаҳрамонҳои дӯстдоштаи кӯдакон аз филмҳои машҳури тасвирӣ оро ёфтааст.

Ҳуҷраҳои барҳавои машғулиятҳо ва истироҳати тарбиятгирандагон бо рахтҳои хоб, ҷевон, мизу курсӣ ва бозичаҳои гуногун муҷаҳҳаз буда, бо завқу салиқаи баланди эстетикӣ ва мувофиқ ба дунёи рангини кӯдакон оро ёфтааст.

Дар ҳамин ҷо кудакон ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳначаи кутоҳи театрӣ намоиш доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакони хуштолеъ тӯҳфаҳои арзишманд тақдим карда, бо онҳо суҳбати самимӣ доир намуданд.

Сарвари давлат зимни шиносоӣ ба шароити фароҳамшуда дар муассиса баҳои баланд жода, ба масъулин барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани таълиму тарбияи кӯдакон ва дар замири онҳо бедор сохтани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба расму оинҳои мардумӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE