Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи Ҳафтаи илм конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи Ҳафтаи илм конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявии олимони Академия баргузор шуд.

Тавре академияи миллӣ хабар медиҳад, конференсия ба масъалаҳои арзишманди дорои аҳамияти байналмилалӣ, аз қабили «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040», «Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028 ва Соли маърифати ҳуқуқӣ бахшида шуд.

Зимни конференсия президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвақтзода ба олимону кормандони академия дар ҷодаи илм барору комёбӣ орзу намуда, расидан ба  натиҷаҳои назаррасро дар ин самт таъкид намуд.

Гуфта шуд, ки Ҳафтаи илм фурсати хубе барои табодули андешаву дастовардҳои илмии ҳайати олимони Академия ва таҳрикбахш дар ростои машғул шудан ба пажуҳишҳои илмӣ аст. Барои беҳтар намудани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеяи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 — 2040 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шудаанд. Ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеяи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE