Тоҷикистон ва Эрон аз ҳамкории байниминтақавӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо устондор (раиси вилоят)-и Хуросони Разавӣ Яъқубалӣ Назарӣ вохӯрӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни суҳбат ҳарду ҷониб аз вазъи кунунии ҳамкории байниминтақавӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, ҳамлу нақл ва фарҳангиву илмиро мавриди баррасӣ қарор доданд.