Тоҷикистон ва Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд
22 сентябр дар ҳошияи Саммити оянда дар Ню-Йорк байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид (UNU) Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории академӣ ва илмӣ ба имзо расид. Дар ин хусус аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳадафи ин ёддошт густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ ва Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид тавассути Донишкадаи об, муҳити зист ва тандурустӣ (UNU-INWEH) мебошад.
Ҳамкории тарафайн ба ҳалли мушкилоти муҳими экологии глобалӣ бо таваҷҷуҳи хосса ба масъалаҳои марбут ба об, муҳити зист, тандурустӣ, амнияти озуқаворӣ, кишоварзӣ, тағйирёбии иқлим, гуногунии биологӣ ва рушди устувор нигаронида шудааст. Ҳамкорӣ ба табодули дониш, ташаббусҳои вобаста ба зарфиятсозӣ ва таҳқиқот ба хотири дастгирии кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мусоидат мекунад. Ин санад ҳамзамон ташаббусҳои илмӣ, технологӣ, фановарӣ ва рушди устуворро тибқи Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 тақвият медиҳад.
Санадро дар дафтари Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид – ректори Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид Тшилидзи Марвала ба имзо расониданд.
Зимни мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин изҳор дошт, ки имрӯз дар шарикии пойдори мо бо Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид ва Донишкадаи об, муҳити зист ва тандурустӣ (UNU-INWEH) саҳифаи нав боз аст. Ин ҳамкорӣ уҳдадории муштараки моро дар ҳалли мушкилоти глобалии дастрасӣ ба об ва ҳифзи муҳити зист инъикос мекунад. Тоҷикистон аз нақши пешсафиаш дар масоили об ифтихор мекунад. Табодули донишҳои илмӣ ба ҳалли мушкилоти глобалии об мусоидат мекунад. Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид шарики боэътимод барои дарёфти роҳҳалҳои илмӣ ва таҳкими иқтидори техникии кишварҳои ҷаҳон барои ҳалли мушкилоти марбута мебошад. Мо аз пешрафте, ки дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид ва Донишкадаи об, муҳити зист ва тандурустӣ ба даст овардаем, қаноатмандем ва умедворем, ки саъю кӯшиши муштаракамонро барои таъмини ояндаи устувортар ва тобовар барои ҳама вусъат диҳем.
Тавассути ин санад ду ҷониб дар лоиҳаҳои муштараки пажуҳишӣ, фаъолияти таҳкими иқтидор, табодули дониш ва машваратҳои сиёсӣ, ки ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид муфиданд, ҳамкорӣ мекунанд. Ин ташаббусҳо дар ҳамкорӣ бо пажуҳишгоҳҳо ва донишгоҳҳои Тоҷикистон бо тамаркуз ба масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, об, муҳити зист, ғизо, кишоварзӣ, гуногунии биологӣ, устуворӣ ва тандурустӣ амалӣ карда мешаванд.
Тшилидзи Марвала изҳор дошт, ки ин шарикӣ ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳидро таҳким бахшида, ҳамкориро дар мавриди барномаҳое, ки ба табодули дониш, таҳкими иқтидор ва таҳқиқоти илмӣ равона гардидаанд, ба роҳ монда, ба равобити ҳарду ҷониб оид ба чолишҳои глобалии устувор, бахусус дар соҳаи илм, технология, инноватсия ва устуворӣ саҳм мегузоранд.
Тоҷикистон уҳдадориҳои собитшударо дар самти ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об доро мебошад. Ҳамчун давлати узви Созмони Милали муттаҳид Тоҷикистон дар пешбарии 10 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ ва пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонӣ, аз қабили “Соли байналмилалии оби тоза», “Соли ҳамкорӣ дар соҳаи об», “Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт, 2005-2015″, «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025” нақши муҳим бозидааст. Тоҷикистон ҳамчунин ба ҳайси мизбони Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид соли 2023 дар таблиғи рӯзномаи об нақши калидӣ бозид ва пас аз тақрибан 50 сол гуфтугӯҳои сатҳи баланд дар бораи оби тозаро идома дод.
Директори Донишкадаи об, муҳити зист ва тандурустӣ Кове Маданӣ таъкид намуд, ки мо аз оғози ин шарикии муҳим бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле хушҳолем. Ин ҳамкорӣ ба рисолати мо дар ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба об, муҳити зист ва саломатӣ комилан мувофиқ аст. Бо муттаҳид кардани таҷриба ва иқтидор мо мақсад дорем, ки ба рушди устувор ва Рӯзномаи 2030 саҳми назаррас гузорем. Якҷоя мо таҳқиқоти илмиро пеш мебарем, кӯшишҳои эҷоди иқтидорро афзоиш медиҳем ва табодули донишро барои ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳони имрӯза анҷом медиҳем.