Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ ба ятимони кул туҳфаҳо тақдим намуданд

Дар идомаи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Маркази хизматрасонии навбунёди «Шоми Хоруғ», ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Шукурбек Шукурбеков ва Бахтиёр Шукурбеков бунёд гардидааст, бо ятимони кул суҳбат намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 150 нафар ятими кул, ки аз парасториву меҳрубонии волидайн маҳрум мондаанд, либоси мактабӣ, маводи конселярӣ, шириниҳо ва кӯмаки пулӣ тақдим намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ятимон таҳти таваҷҷуҳу дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумат қарор дошта, барои онҳо шароиту имкониятҳои таҳсил ва кору зиндагии хубу шоиста то замони ба воя расиданашон фароҳам оварда мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE