Рамзҳои давлатии Тоҷикистон дар таҳкими худшиносии миллии ҷавонон нақши назаррас доранд

Бахшида ба 30-солагии  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар мавзуи «Шарҳи ватандӯстонаи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корбурди он дар таҳкими худшиносии миллии ҷавонон» ҳамоиши судманд баргузор гардид. Дар ин хусус дар шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ин донишгоҳ иттилоъ доданд.

Зимни ҳамоиш ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода доир ба баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, бедор кардани ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихор аз Ватану ватандӯстӣ, садоқат ба Тоҷикистон, ҳифзи марзи Ватан, инчунин пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ба фарҳанги бегона рӯй овардани ҷавонон сухан гуфт.

Иброз шуд, ки Суруди миллӣ ва Парчами давлатӣ рамзи ифтихори тамоми сокинони мамлакат аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он, ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ маҳсуб мешаванд.

Баробари ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент ва марзу буми Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастӣ, ифтихор аз Ватан ва ватандӯстӣ фаро мегирад. Чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва зери мавҷҳои Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва меояд.

Бинобар ин, ҳар яки мо, бахусус насли наврасу ҷавони мамлакат  вазифадор мебошем, ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро ҳифзу эҳтиёт кунем ва дар шароити бесуботии ҷаҳон барои ҳимояи истиқлолу озодии давлат ва Ватанамон ҳамеша кӯшишу талош намоем.

АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE