Лоиҳаи Иқтисоди миллӣ оид ба ҳадафҳои рушди устувор аз ҷониби Парлумони кишвар баррасӣ гардид

дар доираи Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон оид ба лоиҳаи “Маблағгузории ҳадафҳои рушди устувор дар Тоҷикистон” миёни вакилони Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари ду рӯза роҳандозӣ гардид. Семинари мазкур бо мақсади таҳкими иқтидори Парлумон ва нақши он дар татбиқи Стратегияи миллии рушди кишвар то соли 2030 ва ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди устувор ба роҳ монда шуд.  

   Маврид ба зикр аст, ки зимни семинар масъалаи таҳияи нақша – лоиҳаи Иқтисоди миллӣ оид ба ҳадафҳои рушди устувор аз ҷониби Парлумони кишвар баррасӣ гардида, дар назар аст лоиҳаи мазкур давоми соли 2023 дар яке аз ҳамоиши сатҳи баланд аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҷиҳати татбиқ ёфтан дар амал пешниҳод гардад.

   Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ, ҳадафҳои рушди устувор, қабули қонунҳо, назорати сиёсати давлатӣ ва татбиқи барномаҳои рушд нақши фаъол дошта, ҳамчунин иштирокчии асосии раванди буҷет ва назорати иҷрои буҷети давлатиро ба уҳда дорад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE