Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Корхонаи истеҳсоли гугирди ҶДММ «Расули Валӣ»-ро ба истифода доданд

8 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Корхонаи истеҳсоли гугирди ҶДММ «Расули Валӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин корхонаи истеҳсолӣ дар минтақаи саноатӣ-истеҳсолии шаҳри Бохтар дар масоҳати умумии 10 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бунёд гардидааст.

Хатти технологӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти корхона аз Олмон ворид ва  насб гардида, барои истеҳсоли маҳсулот ашёи хом қисман аз хориҷ ворид мегардад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ  доданд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як рӯз 300 ва дар як сол 100-ҳазор қутии шартӣ пешбинӣ шудааст.

Дар корхона  40 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши баланд таъмин гардидаанд, ки аксари коргарону мутахассисонро занон  ташкил медиҳанд.

Корхона бо харҷи ду миллион сомонӣ сармояи дохиливу хориҷӣ бунёд ёфта, истеҳсол ва бандубасти маҳсулот тавассути технологияи пешрафта ба роҳ монда шудааст. Коргарон аз ҷониби мутахассисони хориҷӣ ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боз як корхонаи саноатӣ дар шаҳри Бохтар  дар рушди соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилояти Хатлон мусоидат мекунад.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти корхонаи навтаъсис шинос шуда, иқдоми соҳибкорони ватаниро дар самти тақвияти иқтидори истеҳсолии кишвар ибратбахш арзёбӣ намуданд.

Роҳбари давлат масъулинро вазифадор намуданд, ки барои афзоиши иқтидори истеҳсолӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва саҳм гузоштан дар рушди иқтисоди миллӣ дар оянда тадбирҳои бештар амалӣ намоянд.

Таъкид гардид, ки иқдоми Ҳукумати кишвар дар самти пешниҳоди имтиёзҳо ба соҳибкорон ва дастгирии ин қишри ҷомеа боис гардид, ки татбиқи нишондиҳандаҳои ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии  босуръати кишвар таъмин карда шаванд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE