Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок дорад
7 ноябр дар шаҳри Синдаои Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай оғоз гардид, ки дар он ҳайати ҷавонони Тоҷикистон иштирок дорад. Дар ин хусус дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Форум ба рушди ҳамкорӣ дар оянда, мубодилаи афкор ва таҷрибаи ҷавонони фаъол, инчунин дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои калидии сиёсати ҷавонон мусоидат менамояд.
Ҳадафҳои асосӣ ва вазифаҳои форум ба тақвияти ҳамкорӣ байни ташкилоти ҷавонони аъзои давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай, рушди сиёсати ҷавонон ва таҳияи стратегияҳои муштарак барои ҳалли мушкилоти мубрами ҷавонони ин давлатҳо равона шудаанд.
Дар доираи Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай иштирокчиён бо Маркази намоишии байналмилалӣ «Синдао марвориди СҲШ» шинос шуданд.
Ҳамчунин давоми рӯз ҳайати меҳмонон ҶДММ «Ню Хоуп Синпай», ширкати ширии Синдао ва Боғи намунавии кишоварзии рақамии SCO-Qingshuiwan-ро тамошо намуда, бо фаъолияти инноватсионии корхонаи истеҳсолии Чин аз наздик шинос гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, табодули фарҳангӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни ҷавонони кишварҳои гуногун мусоидат мекунад. Чунин форумҳо ба иштирокчиён имкон медиҳанд, ки таҷрибаи якдигар, идеяҳо ва лоиҳаҳои навро, ки ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологии ҷаҳон равона гардидаанд, мубодила намоянд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон