Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар Боку иштирок намуданд

12 ноябр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим баргузор гардид.

Дар конфронси мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарони 80 давлат, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарони ҳукуматҳо ва ҳайатҳои даҳҳо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок карданд.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар иштирокдоронро дар макони баргузории ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ва Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш истиқбол гирифтанд.

Президенти кишвари мо ба ҳайси роҳбари давлати пешсаф дар пешбурди масоили ҷаҳонии обу иқлим дар ифтитоҳи ҳамоиши сарони давлатҳо яке аз аввалинҳо шуда, суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоиши сатҳи баландро ба масъалаҳои хавфу таҳдидҳои иқлимӣ ва пайомадҳои онҳо ҷалб карда, даъват намуданд, ки ҳамагон талошу амалҳои худро барои ҳалли мушкилоти иқлимӣ бамаротиб зиёд намоянд.

Таъкид гардид, ки тадбирҳои андешидашаванда, бешубҳа, барои таҳкими тавонмандии кишварҳо дар мутобиқшавӣ ва коҳиш додани осебпазирӣ аз тағйирёбии иқлим, аз ҷумла тавассути кумаки молиявии кишварҳои рушдёфта мусоидат менамояд.

Дар робита ба  гузариш ба “энергияи сабз” пешниҳод гардид, ки дар ин самт амалҳои таъхирнопазир андешида шавад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки истифодаи самараноки сарчашмаҳои неруи таҷдидшаванда барои коҳиши партофти газҳои гулхонаӣ ва рушди “иқтисоди сабз” мусоидати муассир хоҳад кард.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба қабули Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” аз ҷониби Тоҷикистон андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки “мо ният дорем,  то соли 2032 истеҳсоли энергияро дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои таҷдидшаванда ба роҳ монда, то соли 2037 Тоҷикистонро ба кишвари “сабз” табдил диҳем”.

Гуфта шуд, ки имрӯз аллакай 98 фоизи барқи мо аз ҳисоби энергияи обӣ истеҳсол мешавад ва ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ дар сатҳи паст қарор дошта, аз рӯйи ин нишондод кишвари мо дар ҷаҳон дар ҷойи 130-юм қарор дорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамчунин диққати роҳбарони кишварҳо ва коршиносонро ба мавзӯи пайвастагии зичи обу иқлим ҷалб сохта, пешниҳод намуданд, ки ба масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари осебпазир аз ин раванд ва узви Панели сатҳи баланд оид ба обу иқлим, барои эълони “Соли ҳифзи пиряхҳо” ташаббус намуд, ки бо ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милал қабул гардид.

Роҳбари давлат бо қаноатмандӣ зикр доштанд, ки дар ин замина, инчунин, “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” муайян гардида, дар назди Созмони Милал Хазинаи мақсадноки ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд.

“Мо, ҳамчун ҳаммуаллифи ин қатънома, ҳиссаи худро дар ин Хазина гузоштем ва аз ҳамаи шариконамон низ даъват менамоем, ки аз ин иқдом пайравӣ кунанд”, — изҳор доштанд Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Таъкид гардид, ки дар асоси қатъномаи мазкур бо мақсади баррасии ҳамаҷониба ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти обшавии пиряхҳо, моҳи майи соли 2025 дар Душанбе гузаронидани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд ба нақша гирифта шудааст.

Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар идомаи пешбурди рӯзномаи ҳифзи пиряхҳо аз ҷонибдории пешниҳоди якҷои Тоҷикистону Фаронса оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои дастгирии илмҳои яхшиносӣ” ва қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милал дар ин хусус ёдовар шуданд.

Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти аҳаммияти хоссаи масъалаҳои зикршуда ва бо мақсади омӯзиши дақиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои минтақа, пешниҳод намуданд, ки бо сарпарастии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва дар ҳамкорӣ бо дигар шарикони рушд дар шаҳри Душанбе Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ таъсис дода шавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE