Суханрони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи умумии Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим
12.11.2024, шаҳри Боку
Муҳтарам ҷаноби Раис,
Олиҷанобон, муҳтарам сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳо,
Хонумҳо ва ҷанобон!
Пеш аз ҳама, миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Созмони Милали Муттаҳид барои меҳмоннавозӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии имрӯза изҳор менамоям.
Ҳозирини гиромӣ,
Аён аст, ки хавфу таҳдидҳои иқлимӣ нисбат ба амалҳое, ки аз ҷониби мо татбиқ мешаванд, зудтар сурат гирифта, таъсиргузоранд.
Тайи панҷ соли охир мо пайваста шоҳиди солу моҳҳои гармтарин дар тамоми давраҳои мушоҳидаҳо гашта истодаем: тибқи гузориши коршиносон соли 2024 низ ҳамчун соли гармтарин сабт шуд.
Вобаста ба ин, моро зарур аст, ки талошу амалҳои худро ҷиҳати ҳалли мушкилоти иқлимӣ бамаротиб зиёд кунем.
Дар доираи Конфронси 28-уми тарафҳои Конвенсияи иқлимӣ дар Дубай ҷонибҳо вобаста ба таъсиси Бунёди талафот ва зарар барои кишварҳои осебпазир ӯҳдадорӣ гирифта буданд.
Ин тадбирҳо, бешубҳа, барои таҳкими тавонмандии кишварҳо дар мутобиқшавӣ ва коҳиш додани осебпазирӣ аз тағйирёбии иқлим, аз ҷумла тавассути кумаки молиявии кишварҳои рушдёфта мусоидат менамоянд.
Вале санади ниҳоии Конфронси Дубай — Гузориши глобалӣ оид ба татбиқи Созишномаи Париж бори дигар кофӣ набудани амалу талошҳои моро дар мубориза бо тағйирёбии иқлим собит кард.
Он, ҳамчунин, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуд, то барои маҳдуд сохтани истифодаи захираҳои энергетикии таҷдиднашаванда ва гузариш ба “энергияи сабз” амалҳои таъхирнопазир андешад.
Ба назари мо ин даъват хеле саривақтӣ ва муҳим аст, чун захираву имкониятҳо дар самти рушди “энергияи сабз” хеле зиёданд.
Истифодаи самараноки сарчашмаҳои энергетикии таҷдидшаванда барои коҳиши партофти газҳои гулхонаӣ ва рушди “иқтисоди сабз” мусоидати муассир хоҳад кард.
Ҳозирини гиромӣ,
Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки Стратегияи рушди “иқтисоди сабз”-ро қабул намуда, дар назди худ ҳадафҳои бузург гузоштааст.
Мо ният дорем, ки то соли 2032 истеҳсоли энергияро дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои таҷдидшаванда ба роҳ монда, то соли 2037 Тоҷикистонро ба кишвари “сабз” табдил диҳем.
Имрӯз аллакай 98 фоизи барқи мо аз ҳисоби энергияи обӣ истеҳсол шуда, ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ ночиз мебошад ва аз рӯйи ин нишондод мо дар ҷаҳон дар ҷойи 130-юм қарор дорем.
Бо вуҷуди ин, ноил гаштан ба ҳадафҳои болозикр аз мо талош ва маблағҳои зиёдро тақозо менамояд.
Боиси қаноатмандист, ки дар ин масир мо бо шарикони рушд, хусусан институтҳои молиявии ҷаҳонӣ ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондаем.
Хонумон ва ҷанобон,
Нуктаи муҳими дигаре, ки мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба он ҷалб намоям, масъалаи пайвастагии зичи обу иқлим мебошад.
Чуноне мушоҳида мешавад, оғоз аз КОП-26 дар Глазго, сипас дар Шарм-уш-Шайх ва Дубай аз ҷониби шарикони зиёд Павилиони об ташкил карда шуда, мавзӯи об дар қисмати мундариҷавии ин чорабинии муҳим фарогир ва дар ҳуҷҷатҳои ниҳоии он зина ба зина мавқеи боз ҳам пурзурро ишғол мекунад.
Боиси хушнудист, ки дар КОП-29 низ ин иқдомҳо тавсеа ёфта, ҳамзамон, қабули “Эъломияи об барои амал дар соҳаи иқлим” дар назар дошта шудааст.
Бо дарназардошти ин ҳолат, моро зарур аст, ки ба масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоем.
Тоҷикистон ҳамчун кишвари осебпазир аз ин раванд ва узви Панели сатҳи баланд оид ба обу иқлим, қиҳати эълони “Соли ҳифзи пиряхҳо” ташаббус намуд, ки бо ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Маҷмаи Умумии Созмони Милал якдилона қабул гардид.
Дар ҳамин замина, инчунин, “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” муайян гардида, дар назди Созмони Милал Бунёди мақсадноки ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шудааст.
Мо, ҳамчун муаллифи қатънома, ҳиссаи худро дар ин Бунёд гузоштем ва аз ҳамаи шариконамон низ даъват ба амал меоварем, ки аз ин иқдом пайравӣ кунанд.
Барои баррасии ҳамаҷониба ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти обшавии пиряхҳо, мо моҳи майи соли оянда дар Душанбе гузаронидани Конфронси байналмилалии сатҳи баландро ба нақша гирифтаем.
Бо истифода аз ин фурсат, ҳамаи Шуморо барои иштироки фаъол дар чорабиниҳои соли ҳифзи пиряхҳо ва конфронси мазкур даъват менамоям.
Дар идомаи пешбурди рӯзномаи ҳифзи пиряхҳо, мо якҷо бо Фаронса оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои дастгирии илмҳои яхшиносӣ” (криосферӣ) пешниҳод манзур намудем, ки тавассути қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милал 13 августи соли ҷорӣ ҷонибдорӣ ёфт.
Бо назардошти аҳаммияти хоссаи масъалаҳои зикршуда ва ба мақсади омӯзиши дақиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои минтақа, Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки бо сарпарастии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва дар ҳамкорӣ бо дигар шарикони рушд, дар шаҳри Душанбе Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносӣ таъсис дода шавад.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.