Пешвои миллат – ҳомии забону фарҳанги тоҷикон

Имрӯз дар толори киностудияи Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо ташаббуси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Президент ва солгарди навбатии Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони  “Пешвои миллат – ҳомии забону фарҳанги тоҷикон”  ҳамоиши илмиву амалӣ доир гардид.

Дар оғози чорабинии  идона, ки ҳамзамон  ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ ” низ  роҳандозӣ шуд, ба аҳли нишаст, филми мустанади “Ваҳдати миллӣ” (истеҳсоли “Тоҷикфилм”)  намоиш дода шуд.

Дар ҳамоиши илмиву амалӣ муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Раҳматуллозода Сахидод, ба сухан баромада нақши Пешвои миллатро дар  таҳкими сулҳ ва истиқлоли давлатӣ муҳим арзёбӣ доштанд.

Инчунин дар ин чорабинӣ сурудҳои ватандӯстона дар иҷрои устодон ва таълимгирандагонии Консерваторияи миллӣ садо дод.

Дилбар Исматова

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE