Дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии “Занон дар соҳибкорӣ” баргузор гардид
Имрӯз дар меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенси”-и шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии “Занон дар соҳибкорӣ” баргузор гардид. Дар кори он Дилрабо Мансурӣ – муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.Таъкид гардид, ки бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти олии мамлакат давоми 33 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақому манзалати зан дар ҷомеа боло рафта, занон дар баробари дигар соҳаҳои иқтисодии миллӣ, дар рушди соҳибкорӣ низ саҳми муносиб мегузоранд. Дар кори форум беш аз 150 нафар, аз ҷумла соҳибкорзанон аз Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок намуданд.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе