Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
4 декабр суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев баргузор гардид.
Зимни суҳбат натиҷаҳои ҳамоиши COP-29, масъалаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷониба, инчунин, дар заминаи раёсати ояндаи Тоҷикистон дар ИДМ, масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон баррасӣ шуд.
Пешвои миллат ба натиҷаҳои Саммити бомуваффақияти COP-29 дар Боку баҳои баланд дода, натиҷаҳои онро барои пешбурди минбаъдаи рӯзномаи ҷаҳонии иқлим хеле муҳим арзёбӣ карданд.