Форуми соҳибкории Тоҷикистону Миср

Имрӯз  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми соҳибкории Тоҷикистону Миср таҳти роҳбарии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Вазири банақшагирӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Миср баргузор гардид. Инчунин, дар Форум намояндагони вазорату идораҳои ҳарду кишвар, соҳибкорон ва сармоягузорони Тоҷикистону Миср иштирок намуданд. Қайд карда шуд, ки мақсад аз баргузории Форуми мазкур густариши ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ тавассути ташкили муколамаи озод байни соҳибкорону сармоягузорон ва дар ин замина дарёфти роҳҳои нави корӣ дар самти ташкили корхонаҳои муштарак ба ҳисоб меравад. Форум барои табодули таҷрибаҳои беҳтарин байн намояндагони бахшҳои гуногуни иқтисодиёт имконияти беназир фароҳам овард. Иштирокчиёни чорабинӣ изҳори боварӣ карданд, ки натиҷаҳои форум ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳури Тоҷикистон ва Ҷумҳурии арабии Миср мусоидат хоҳад кард. Пас аз қисмати расмии Форум вохӯриҳои дуҷониба дар формати “Давлат бо соҳибкор” (G2B) ва соҳибкорони ду кишвар да формати “Соҳибкор бо Соҳибкор” (В2В) баргузор гардида, як қатор санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.

Тоҷиддин Сатторзода

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE