11 декабр – рӯзи байналмилалии кӯҳҳо. 93 фоизи ҳудуди Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд

Рӯзи байналмилалии кӯҳҳо соли 1992 аз ҷониби Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист ва рушд таъсис дода шудааст. Бо таваҷҷӯҳ ба нақши кӯҳҳо, Созмони Милали Муттаҳид соли 2002-ро Соли байналмилалии кӯҳҳо эълон кард. Соли 2003 бори аввал Рӯзи байналмилалии кӯҳистон таҷлил шуд. Кӯҳҳо сарвати табиӣ мебошанд, ки мо бояд онро ҳифз кунем.

Дар минтақаҳои кӯҳӣ 15% аҳолии ҷаҳон зиндагӣ мекунанд ва нисфи гуногунии биологии ҷаҳон дар кӯҳҳо ҷойгиранд. Некуаҳволии тақрибан нисфи аҳолии ҷаҳон аз захираҳои об, озуқа ва энергетикӣ дар қаторкӯҳҳо вобаста аст. Мутаассифона, кӯҳҳо аз сабаби тағирёбии иқлим, таназзули замин, истифодаи аз ҳад зиёд ва офатҳои табиӣ зери таҳдид қарор доранд. Бо идомаи гармшавии иқлим, сокинони кӯҳистон – баъзе аз камбизоаттарин мардуми ҷаҳон – дар муборизаи худ барои зинда мондан бо мушкилоти бештаре рӯбарӯ мешаванд.

Баландшавии ҳарорат боиси он мегардад, ки пиряхҳои кӯҳӣ бо суръати бесобиқа об шаванд ва ин раванд ба захираҳои оби тоза барои миллионҳо одамон таъсир мерасонанд. Таназзули афзояндаи замин ба ҳаёти беш аз 311 миллион нафар дар минтақаҳои кӯҳистонии кишварҳои рӯ ба тараққӣ таъсир мерасонад, ки 178 миллион нафари онҳо аз ноамнии ғизо осебпазиранд.

93 фоизи ҳудуди Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд.

Тоҷикистон сарзамини кӯҳҳои сар ба фалак буда, 93 фоизи ҳудуди онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Тақрибан 70 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар манотиқи кӯҳӣ зиндагӣ менамоянд. Тоҷикистон диёри кӯҳҳои баланд ва қуллаҳои осмонбӯс аст, кӯҳҳои Помирро беасос «Боми Ҷаҳон» ном намебаранд. Пайдоиши кӯҳҳои Тоҷикистон — Помир, Олой, Фон, Ҳисор, Зарафшон, Туркистон таърихи куҳан дошта, ба радифи кӯҳҳои ҷавон дохил мешаванд. Қисми зиёди кӯҳҳои Тоҷикистон сангӣ буда, дар онҳо боигариҳои табиӣ, назири тилло, нуқра, ангишт, обҳои шифобахш ва ҳар гуна сангҳои қиматбаҳо мавҷуд мебошанд. Инчунин бартарияти дигари кӯҳҳои Тоҷикистон аз он иборат аст, ки онҳо хеле зебою дилкаш ва назаррабо ҳастанд. Ин аст, ки зебоии нотакрори табиати биҳиштосои кӯҳҳои осмонбӯси Тоҷикистон, хусусан кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Помир таваҷҷуҳи ҳазорон сайёҳи дохилию хориҷиро ба худ ҷалб намудаанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE