Бонки Авруосиёии Рушд маблағгузориро ба лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодии Тоҷикистон зиёд мекунад

9 декабр вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Директори Бонки Авруосиёии Рушд (БАОР) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Владимир Якунин баргузор гардид, ки зимни он масъалаи зиёд намудани маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодии мамлакат мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.

Завқӣ Завқизода ҳамчун аъзои Шурои Бонки Авруосиёии Рушд барои дастгирии фаъолона дар раванди татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок бобати рушди устувори иқтисодии мамлакат  ба роҳбари ин бонк изҳори миннатдорӣ намуд.

Дар баробари ин ҳамчунин вобаста ба зиёд намудани маблағгузории Бонки Авруосиёии Рушд ба лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодии мамлакат, аз ҷумла дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ, савдо, маориф, тандурустӣ ва рақамикунонии иқтисоди миллӣ, бахусус рақамикунонии бизнес-ҷараёнҳо дар вазорат даъват гардид.

Пешниҳодҳо вобаста ба зиёд намудани ҳаҷми маблағгузорӣ аз ҷониби Директори Бонки Авруосиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба таҳияи лоиҳаҳои нави афзалиятноки соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бахусус таъсиси кластери нассоҷӣ ва маркази логистикии муосир, инчунин ҳамкории дуҷонибаи судманд изҳори омодагӣ намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE