АЗ ПАЁМ: Тоҷикистон соли 2027 ба истиқлоли энергетикӣ мерасад

“Соли 2027 истиқлоли энергетикӣ ба даст меорем”. Ин нуктаро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баён намуданд.

Ҳамчунин, дар Паём таъкид шуд, ки беш аз 50 фоизи корҳои сохтмонии Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба анҷом расонида шудааст.

Инчунин, гуфта шуд, ки аз моҳи майи соли 2027 аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф мегардад.

“Соли 2025 дар вилояти Суғд сохтмони неругоҳи барқии офтобӣ бо иқтидори 200 мегаватт оғоз мегардад”, — таъкид шуд дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE