АЗ ПАЁМ: Аз 1 сентябри соли 2025 маоши муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои миёна 30% ва маоши кормандони дигар бахшҳои буҷавӣ 20% зиёд карда шавад
Аз 1 сентябри соли 2025 маоши муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои миёна 30% зиёд карда шавад. Ин нуктаро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баён намуданд.
Ҳамчунин, дар Паём гуфта шуд, ки маоши кормандони дигар бахшҳои буҷавӣ аз маориф то тандурустӣ ва стипендияҳо 20% зиёд карда шаванд.
Пешвои миллат таъкид карданд, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати давлати Тоҷикистон мақоми хос дорад ва Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад.