Сулаймонзода: баъди аз фаъолият мондани корхонаҳои ҳудуди НБО “Роғун” 842 нафар ҷойҳои кории худро аз даст доданд

Соли сипаригардида қисми даромади шаҳри Роғун бо назардошти андози иҷтимоӣ мутобиқи нақша 174 милиону 46 ҳазору 300 сомонии пешбинишуда, ба андозаи 133 милиону 85 ҳазору 500 сомонӣ ҷамъоварӣ гаштааст, ки ин нишондод ба 76, 4 фоиз баробар гардида, нисбат ба нақша беш аз 40 ҳазор сомонӣ кам аст, – гуфт зимни нишасти хабарӣ раиси шаҳри Роғун Музаффар Сулаймонзода.

Соли 2020 ба буҷаи маҳалии шаҳри Роғун ба ҷойи 35 милиону 552 800 сомонии нақшаи пешбинишуда, 35 милиону 273 900 сомонӣ маблағ ворид карда шудааст, ки ба 99 фоизи нақшаи пешбинишуда баробар гардид.

Ба таъкиди раиси шаҳри Роғун, қисми хароҷоти буҷаи маҳал ба ҷойи 37 милиону 409 300 сомонӣ нақшавӣ, 36 милиону 871 100 сомонӣ иҷро шудааст, ки ба 99 дарсад баробар будааст. Масъулини мақомоти маҳал иҷро нагардидани чор намуди уҳдадориҳои андозиро мақомот аз фаъолият боз мондани корхонаҳои истеҳсолӣ дар ин шаҳр рабт медиҳанд.

Ба маълумоти Музаффар Сулаймонзода, дар пайи аз фаъолият бозмондани корхонаҳои дар ҳудуди НБО “Роғун” фаъолиятдошта 842 нафар ҷойҳои кории худро аз даст дода, даромади умумии ин корхонаҳо 417 миллиону 513 ҳазору 900 сомонӣ кам гардидааст. Масъулин мегӯяд, ки дар ғанигардонии буҷаи маҳал дар баробари масъулини мақомот, роҳбарони ташкилоту идора ва корхонаҳои шаҳр бояд аз худ масъулият нишон диҳанд.

Ба назари мутахассисони рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Роғун аз фаъолияти НБО “Роғун” сахт вобастагӣ дошта, соли гузашта тавлиди маҳсулоти саноатӣ дар ин шаҳр афзоиш ёфтааст, ки нисбат ба нақша барзиёд будааст. “Дар доираи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар, дар ояндаи наздик дар ин шаҳр бунёди даҳҳо корхонаҳои истеҳсолӣ нақшарезӣ шудаанд, ки онҳо дар баробари рушди иқтисодию иҷтимоӣ ба ташкили ҷойҳои нави корӣ шароит фароҳам хоҳанд овард”, – гуфт Музаффар Сулаймонзода.

Коршиносони маҳаллӣ рушди бахшҳои сайёҳӣ, боғдорӣ ва картошкапарвариро барои хоҷагии халқи ин шаҳр ояндадор арзёбӣ мекунанд.

Тоҷиддин САТТОРОВ,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE