Бар асари тирпарронӣ дар Донишгоҳи Мичигани Амрико се нафар кушта шуданд

Бар асари тирпарронӣ дар Донишгоҳи Мичигани Амрико се нафар кушта ва панҷ нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора шабакаи телевизионии «NBC News» бо истинод ба полиси шаҳраки донишҷӯён гузориш дод.

Қаблан дар бораи кушта шудани як нафар хабар расида буд.

Муайян карда шуд, ки дар шаҳраки донишҷӯён ду ҳодисаи тирпарронӣ — яке дар бинои таълимии Берки Холл ва дигаре дар бинои иттифоқи касабаи донишҷӯён рух додааст.

Тибқи фарзияи муфаттишон, тирандоз танҳо амал кардааст.

Полиси шаҳраки донишҷӯён аксҳои гумонбарро нашр кард, ки ӯ марди кӯтоҳқадӣ сиёҳпӯст бо пойафзоли сурх ва либоси ҷинс буд.

Пас аз тақрибан як соати амалиёти ҷустуҷӯӣ гумонбарро мурда дарёфт карданд. Полис тахмин кард, ки ӯ худкушӣ намудааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE