Донишгоҳи миллии Тоҷикистон: Дар соли 2024 шумораи олимон 20 фоиз зиёд шуд
Соли 2024 шумораи олимон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 20 фоиз зиёд шудааст. Дар ин бора имрӯз ректори ДМТ Эмомалӣ Насриддинзода зимни нишасти матбуотӣ ба кормандони ВАО иттилоъ дод.
Ҳамчунин дар ин бора гуфта шуд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар соли 2024 омӯзгоронеро, ки аз рӯйи ихтисосҳои нодир, аз қабили зилзилашиносӣ, энергетика, геология, меъморӣ, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, металлургия, биологияи молекулӣ, генетика, селексия, биотехнология ва биохимия рисолаҳои номзадию докторӣ ҳимоя менамоянд, бо маблағи аз 25 то 35 ҳазор сомонӣ ҳавасманд намояд.