Парвизҷон Умарбоев фаъолияташро дар ССКА 1948-и София идома медиҳад

Нимҳимоятгари дастаи  миллии Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев фаъолияти худро дар чемпионати Булғористон идома медиҳад.

Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, Умарбоев ҳамчун футболбози озод аз дастаи «Локомотив Пловдив», ки аз соли 2016 инҷониб дар ҳайати он бозӣ мекард, ба ССКА 1948 гузашт.

Дар оғози мавсими нави чемпионати Булғористон бошгоҳи нави Парвизҷон Умарбоев дар се бозии анҷомдода панҷ имтиёз ба даст овард.

Бояд гуфт, ки Умарбоев аз соли 2015 дар дастаи миллии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад. Дар ин муддат ӯ дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 35 бозӣ гузаронида, муаллифи 7 гол шудааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE