Мулоқот бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон Искандар Муъминӣ

22 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири кишвари (корҳои дохилии) Ҷумҳурии Исломии Эрон Искандар Муъминиро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷанбаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон, бахусус ҳолат ва дурнамои ҳамкории ду кишвар дар соҳаи тартиботи ҳуқуқӣ ва амният, баррасӣ шуд.

Дар ин зимн зарурати татбиқи фаъоли натиҷаҳои сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дар аввали соли 2025 ва санадҳои дахлдори имзошуда таъкид карда шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар бо истифода аз абзорҳои мавҷуда зоҳир гардид. Аз ҷумла доир ба тавсиаи ҳамкорӣ вобаста ба таҳаввулоти ҷиддии нигаронкунанда дар ҷаҳони имрӯза, шиддати рақобатҳои геосиёсӣ, таҳдиду хатарҳои замони муосир мубодилаи афкор анҷом дода шуд.

Зарур дониста шуд, ки барои муқовимати муассир ба зуҳуроти терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла киберҷиноятҳо ва қочоқи маводи мухаддир, иқдомҳои муштарак андешида шаванд.

Табодули афкор, ҳамчунин, доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи муштарак сурат гирифт.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE