Ташаккул ва рушди Синошиносӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол
Имрӯз дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи гирд таҳти унвони “Ташаккул ва рушди Синошиносӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ва саҳми академик Мусо Диноршоев дар ташаккул ва рушди он” баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муҳаққиқон, устодони донишгоҳҳо, донишмандон ва намояндагони ниҳодҳои илмиву фарҳангӣ ширкат варзиданд. Мавзӯи асосии баррасишаванда “Нақши Абӯалӣ ибни Сино дар фарҳанг ва илми ҷаҳонӣ ва таҳқиқу омӯзиши осори ӯ дар замони соҳибистиқлолӣ” буд.
Ҳамзамон, иштирокчиён саҳми барҷастаи академик Мусо Диноршоевро дар рушди Синошиносӣ дар кишвар махсус қайд карданд. Зимни суханрониҳо зикр шуд, ки пажӯҳишҳои илмии ин донишманд дар шинохти мероси бузурги Сино ва тарғиби арзишҳои фалсафаи шарқ нақши назаррас доштаанд.
Шукрона Насриддинзода
Садои Душанбе